Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳалелуёҳ. Худовандро дар қудси Ӯ мадҳ кунед; Ӯро дар фалаки қуввати Ӯ мадҳ кунед.

[2] Ӯро дар қудрати Ӯ мадҳ кунед; Ӯро мувофиқи бузургии азамати Ӯ мадҳ кунед.

[3] Ӯро бо навохтани шох мадҳ кунед; Ӯро бо уд ва барбат мадҳ кунед.

[4] Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед; Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед.

[5] Ӯро бо шақшақаҳои хушнаво мадҳ кунед; Ӯро бо шақшақаҳои баландовоз мадҳ кунед.

[6] Бигзор ҳар кӣ нафас мекашад, Худовандро мадҳ кунад. Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters