[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд,
[2] Вақте ки пеши ӯ, баъд аз даромаданаш назди Батшобаъ, Нотони набӣ омад.
[3] Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун.
[4] Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун,
[5] Зеро ки ман ба ҷиноятҳои худ иқрор ҳастам, ва хатоям доим пеши назари ман аст.
[6] Ба Ту ва танҳо ба Ту хато кардаам, ва пеши назари Ту бадӣ кардаам, бинобар ин Ту дар ҳукми Худ барҳақ ҳастӣ ва дар доварии Худ пок.
[7] Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам, ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст.
[8] Инак, Ту ростиро дар замирам хоҳон ҳастӣ, ва дар ботинам ҳикматро ба ман меомӯзӣ.
[9] Маро бо зуфо татҳир намо, ва ман пок хоҳам шуд; маро шустушӯй кун, ва ман аз барф сафедтар хоҳам шуд.
[10] Маро аз шодӣ ва хурсандӣ баҳраманд гардон, то устухонҳое ки Ту шикастаӣ, хушнӯд шавад.
[11] Рӯи Худро аз хатоям бипӯшон, ва ҳамаи гуноҳҳои маро маҳв кун.
[12] Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун.
[13] Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Руҳулқудси Худро аз ман нагир.
[14] Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо.
[15] Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
[16] Маро аз хунҳо бираҳон, эй Худо, ки Худои наҷоти ман ҳастӣ, то забонам адолати Туро тараннум намояд.
[17] Худовандо! Лабҳои маро бикшо, ва забонам ҳамду санои Туро хоҳад гуфт;
[18] Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам; ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ.
[19] Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст; дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид.
[20] Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ ба Сион некӣ бикун; ҳисорҳои Ерусалимро барпо намо.
[21] Он гоҳ қурбониҳои адолат ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба Ту писанд хоҳад афтод; он гоҳ бар қурбонгоҳи Ту гӯсолаҳоро хоҳанд овард.