Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.

[3] Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд. Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд.

[4] Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард.

[5] Ман гуфтам: «Худовандо! Ба ман марҳамат намо; ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам».

[6] Душманонам дар ҳаққи ман суханони бад мегӯянд: «Ӯ кай мемирад, то ки номаш гум шавад?»

[7] Ва агар касе ба иёдати ман биёяд, сухани дурӯғ мегӯяд; дили вай дар худ ғайбат ҷамъ мекунад, ва хамин ки берун рафт, ба гапу калоча шурӯъ менамояд.

[8] Ҳамаи бадхоҳонам бо ҳамдигар дар ҳаққи ман пичир‐пичир мекунанд, бар зидди ман бадӣ меандешанд:

[9] «Қабоҳате ба сари ӯ омадааст, ва акнун, ки ӯ хобидааст, дигар нахоҳад бархост».

[10] Ҳатто касе ки бо ман дӯст буд, ва аз ӯ дилпур будам, ва ӯ нони маро мехӯрд, пошнаи худро бар ман баланд кардааст.

[11] Валекин Ту, эй Худованд, ба ман марҳамат намо, маро ба по бархезон, то ки онҳоро сазо диҳам.

[12] Аз ин хоҳам донист, ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ менамоӣ, зеро ки душманам бар ман тантана намекунад.

[13] Ва маро, ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард, ва ба хузури Худ то абад қоим хоҳӣ дошт.

[14] Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад! Омин ва омин!

Забур — Chapters