Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед; дар шаъни Худованд суруд хонед, эй тамоми аҳли замин!

[2] Дар шаъни Худованд суруд гӯед, исми Ӯро муборак хонед, наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.

[3] Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо.

[4] Зеро ки Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ; ва Ӯ саҳмгин аст бар ҳамаи худоён.

[5] Зеро ки ҳамаи худоёни қавмҳо бутҳоянд, вале Худованд осмонро офаридааст.

[6] Шукӯҳ ва шавкат ба ҳузури Ӯст, қувват ва ҷалолат дар қудси Ӯст.

[7] Худовандро васф гӯед, эй қабилаҳои қавмҳо! Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро гӯед.

[8] Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро гӯед; ҳадия биёред ва ба саҳнҳои Ӯ биёед.

[9] Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед; пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!

[10] Ба халқҳо бигӯед: Худованд подшоҳӣ мекунад! Дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид; Ӯ қавмҳоро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард.

[11] Бигзор осмон хурсандӣ кунад, ва замин ба ваҷд ояд; баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад;

[12] Саҳро ва ҳар чӣ дар он аст, шод гардад, ва ҳамаи дарахтони ҷангал тараннум кунанд

[13] Пеши Худованд, зеро ки меояд, зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд; Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳоро аз рӯи ростии Худ.

Забур — Chapters