Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Ософ. Худои худоён, Худованд сухан меронад, ва заминро аз тулӯи офтоб то ғуруби он мехонад.

[2] Аз Сион, ки камоли зебоист, Худо таҷаллӣ менамояд.

[3] Худои мо меояд, ва хомӯш нахоҳад буд: пеши Ӯ оташи сӯзон муҳайёст, ва гирдогирди Ӯ тӯфони дамон.

[4] Аз боло осмон ва заминро мехонад, то ки қавми Худро доварӣ намояд:

[5] «Порсоёни Маро назди Ман ҷамъ оваред, ки бо Ман ба қурбонӣ аҳд бастаанд».

[6] Ва осмон адолати Ӯро баён хоҳад кард, зеро ки Худо Довар аст. Село.

[7] Бишнав, эй қавми Ман, то сухан ронам, ва эй Исроил, то ба ту шаҳодат диҳам: Ман, Худо, Худои ту ҳастам.

[8] На аз барои қурбониҳоят туро мазаммат хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтании ту доимо пеши назари Ман аст.

[9] На гӯсолае аз хонаи ту хоҳам гирифт, на такае аз оғили ту,

[10] Зеро ки тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они Ман аст, ва чорпоёне ки бар ҳазорҳо кӯҳҳо ҳастанд;

[11] Ҳамаи мурғони кӯҳсорро мешиносам, ва ҷонварони саҳро дар дасти Ман аст.

[12] Агар гурусна мемондам, ба ту намегуфтам, зеро ки дуньё ва ҳар чи дар он аст, аз они Ман аст.

[13] Оё гӯшти говмешонро мехӯрам, ва хуни такаҳоро менӯшам?

[14] Ба Худо қурбонии шукронаро забҳ намо, ва ба Ҳаққи Таоло назрҳои худро адо бикун.

[15] Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон; туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро мадҳ хоҳӣ кард.

[16] Вале ба шарир Худо мегӯяд: «Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки фароизи Маро ривоят намоӣ, ва аҳди Маро ба забони худ оварӣ,

[17] Дар сурате ки худат аз хулқу одоб нафрат дорӣ, ва суханони Маро пушти по мезанӣ?

[18] Чун дуздро дидӣ, ҳамроҳи вай медавӣ, ва бо зинокорон шарик мешавӣ;

[19] Даҳони худро барои бадгӯӣ мекушоӣ, ва забонат макр мебофад;

[20] Нишаста, дар ҳаққи бародари худ сухан меронӣ, ба писари модари худ бӯҳтон мезанӣ.

[21] Чунин рафтор кардӣ, ва Ман хомӯш мондам; гумон кардӣ, ки Ман мисли ту ҳастам. Бинобар ин туро мазаммат хоҳам кард, ва доварии туро пеши назари ту ба амал хоҳам овард.

[22] Инро, эй фаромӯшкунандагони Худо, фаҳм кунед: мабодо шуморо бидарам, ва раҳокунандае набошад.

[23] Ҳар кӣ шукронаро қурбонӣ намояд, вай Маро мадҳ мекунад, ва ҳар кӣ роҳи дурустро пеш гирад, ба вай наҷоти Худоро нишон хоҳам дод».

Забур — Chapters