Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам.

[2] Худовандо! Овози маро бишнав. Бигзор гӯшҳои Ту ба овози зориҳоям диққат намояд.

[3] Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?

[4] Аммо омурзиш назди Туст, то ки саҳмгин бошӣ.

[5] Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст; ва ба каломи Ӯ умед бастаам.

[6] Ҷонам Худовандро мунтазир аст, зиёда аз он ки посбонон субҳидамро, посбонон субҳидамро.

[7] Эй Исроил, ба Худованд умед банд, зеро ки эҳсон назди Худованд аст, ва халосӣ назди Ӯ бисьёр аст,

[8] Ва Ӯ Исроилро аз ҳамаи гуноҳҳои вай халосӣ хоҳад дод.

Забур — Chapters