Skip to content
Opens in a new window

[1] Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;

[2] Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад;

[3] Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.

[4] Шарирон чунин нестанд, балки монанди пари коҳанд, ки онро бод пароканда мекунад.

[5] Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост; хатокорон низ дар ҷамоати одилон,

[6] Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд.

Забур — Chapters