[1] Таронаи Довуд, вақте ки ӯ хулқи худро назди Абималик дигаргун сохт, ва аз пеши вай бадар ронда шуд, ва баромада рафт.
[2] Худовандро дар ҳар вақт муборак хоҳам хонд; доимо ҳамду санои Ӯ бар забони ман аст.
[3] Ҷонам бо Худованд фахр мекунад; ҳалимон шунида, шод хоҳанд шуд.
[4] Худовандро бо ман такбир гӯед; ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунем.
[5] Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод.
[6] Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд, ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд.
[7] Ин мискин бихонд, ва Худованд шунид, ва ӯро аз ҳамаи тангиҳояш наҷот дод.
[8] Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад.
[9] Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!
[10] Аз Худованд тарсед, эй муқаддасони Ӯ, зеро ки тарсгорони Ӯро ҳеҷ камӣ нест.
[11] Шерони ҷавон бенаво шудаанд ва гуруснагӣ мекашанд, аммо толибони Худовандро аз ҳеҷ чизи хуб камӣ нахоҳад буд.
[12] Биёед, эй фарзандон, маро бишнавед: тарси Худовандро ба шумо таълим хоҳам дод.
[13] Кист он шахсе ки ҳаётро хоҳон аст, ва айёмро дӯст медорад, то ки некӯӣ бубинад?
[14] Забонатро аз бадӣ нигоҳ дор, ва лабҳоятро аз гуфтори макромез.
[15] Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун; талабгори осоиштагӣ шав ва дар паи он бош.
[16] Чашмони Худованд бар одилон аст, ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо.
[17] Хашми Худованд ба муқобили бадкорон аст, то ки зикри онҳоро аз замин маҳв намояд.
[18] Вақте ки одилон фарьёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.
[19] Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.
[20] Мусибатҳои одил бисьёр аст, валекин аз ҳамаи онҳо Худованд ӯро халосӣ медиҳад;
[21] Ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад; ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд.
[22] Шарирро бадӣ хоҳад кушт, ва бадхоҳони одил маҳкум хоҳанд шуд.
[23] Худованд ҷони бандагони Худро раҳо хоҳад кард, ва ҳеҷ кас аз паноҳбарони Ӯ маҳкум нахоҳад шуд.