[1] Дуои мискин, вақте ки ғамгин шуда, пеши Худованд андӯҳи худро изҳор мекунад.
[2] Худовандо! Дуои маро бишнав, ва истиғосаи ман назди Ту бирасад.
[3] Рӯи Худро аз ман пинҳон надор, дар рӯзи тангии ман гӯши Худро сӯи ман хам намо; рӯзе ки бихонам, маро ба зудӣ иҷобат бикун.
[4] Зеро ки рӯзҳоям мисли дуд фано шудааст, ва устухонҳоям мисли ҳезуми нимсӯз гардидааст.
[5] Дили ман мисли алафи офтобзадае хушкидааст, зеро ки хӯрдани нонамро фаромӯш мекунам.
[6] Аз овози оҳу воҳи ман устухонам ба пӯстам часпидааст.
[7] Ба мурғи саққои биёбон монанд шудаам; мисли буми харобазор гардидаам.
[8] Шабзиндадорӣ мекунам ва мисли мурғаке ҳастам, ки болои бом танҳо нишаста бошад.
[9] Ҳар рӯз маро душманонам маломат мекунанд; онҳое ки аз ман девонавор нафрат доранд, дар ман лаънат мекунанд.
[10] Зеро ки хокистарро мисли нон хӯрдаам, ва нӯшокии худро бо ашк омехтаам,
[11] Аз боиси хашми Ту ва ғазаби Ту; зеро ки маро боло бардоштаӣ ва сарнагун кардаӣ.
[12] Рӯзҳоям мисли сояи шомгоҳ аст; ва ман мисли алаф хушк шудаам.
[13] Валекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ, ва зикри Ту то абадуддаҳр аст.
[14] Ту бархоста, бар Сион марҳамат хоҳӣ кард; зеро вақти он аст, ки ба вай марҳамат намоӣ, чунки мӯҳлат расидааст;
[15] Зеро ки бандагони Ту ба сангҳои он муҳаббат доранд, ва хоки онро азиз медоранд.
[16] Ва халқҳо аз исми Худованд хоҳанд тарсид, ва ҳамаи подшоҳони замин аз ҷалоли Ту.
[17] Зеро ки Худованд Сионро бино кардааст; дар ҷалоли Худ зоҳир шудааст;
[18] Ба дуои нотавонон таваҷҷӯҳ намудааст, ва аз дуои онҳо нафрат накардааст.
[19] Ин барои насли оянда навишта мешавад, ва қавме ки офарида хоҳад шуд, Худовандро мадҳ хоҳад кард.
[20] Зеро ки Ӯ аз афрози муқаддаси Худ мушоҳида кардааст: Худованд аз осмон ба замин назар андохтааст,
[21] Барои он ки оҳу нолаи бандиро бишнавад, маҳкумони мамотро аз банд озод кунад,
[22] То ки исми Худовандро дар Сион ба забон оваранд, ва ҳамду санои Ӯро дар Ерусалим,
[23] Вақте ки қавмҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, ва мамлакатҳо низ, то ки Худовандро ибодат намоянд.
[24] Куввати маро дар роҳ фурӯ нишонд, рӯзҳоямро кӯтоҳ кард.
[25] Гуфтам: «Эй Худои ман! Маро дар нисфи рӯзҳоям набар. Солҳои Ту то абадуддаҳр аст.
[26] Дар замони қадим заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
[27] Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд, мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид; ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд.
[28] Валекин Ту ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд.
[29] Фарзандони бандагони Ту сокин хоҳанд шуд, ва зурьёти онҳо пеши Ту барқарор хоҳанд буд».