[1] Барои сардори муғанниён бар сози шушон. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. Суруди муҳаббат.
[2] Дилам аз ҳиссиёти хубе ба ҷӯш омадааст; ман мегӯям: сурудам ба подшоҳ бахшида шудааст; забонам қалами котиби тезнавис аст.
[3] Ту аз банӣ‐одам зеботарин ҳастӣ; латофат бар лабонат хувайдост; бинобар ин Худо Туро муборак хондааст то абад.
[4] Шамшери Худро, эй Баҳодур, бар рони Худ бибанд, ки шукӯҳ ва шавкати Туст;
[5] Ва дар шавкати Худ савор шуда, дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комьёб шав, ва яминат чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод.
[6] Тирҳои Ту тез аст, — қавмҳо зери пои Ту фурӯ меғалтанд: — тирҳоят ба дили душманони Подшоҳ хоҳад расид.
[7] Тахти Ту, эй Худо, то абад аст; асои ростӣ асои малакути Туст.
[8] Адолатро дӯст доштаӣ, ва аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Туро Худо, Худои Ту, бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст.
[9] Ҳамаи либосҳоят мисли мур ва уд ва дорчин аст; аз қасрҳои оҷ Туро бо созҳо хурсанд мекунанд.
[10] Духтарони подшоҳон дар миёни азизони Ту ҳастанд; ба яминат малика дар тиллои Ӯфир истодааст.
[11] Бишнав, эй духтар, ва бубин, ва гӯши худро дор, ва қавми худ ва хонаи падаратро фаромӯш кун.
[12] Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.
[13] Ва духтари Сӯр бо ҳадияҳо, ва сарватдорони қавм дидори туро хоҳанд талабид.
[14] Тамоми ҷалоли духтари Подшоҳ дар андарун аст: либоси вай бо тилло мурассаъ аст;
[15] Дар либоси пурнигор вай назди Подшоҳ бурда мешавад; аз ақиби вай бокираҳо, дугонаҳояш, равонанд, ки пеши Ту оварда шудаанд;
[16] Бо шодӣ ва хурсандӣ бурда мешаванд, ба қасри Подшоҳ оварда мешаванд.
[17] Дар ивази падаронат писаронат хоҳанд буд; онҳоро дар тамоми замин мир таъин хоҳӣ кард.
[18] Номи Туро зикр хоҳам кард то абадуддаҳр; бинобар ин қавмҳо Туро ҳамд хоҳанд гуфт то абад.