[1] Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона. Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.
[2] Ҷалоли исми Ӯро бисароед; ҳамду санои Ӯро ҷалол диҳед.
[3] Ба Худо бигӯед: «Чӣ саҳмгин аст аъмоли Ту! Аз бузургии қуввати Ту душманонат ба Ту бо тамаллуқ мутеъ хоҳанд шуд.
[4] Тамоми аҳли замин ба Ту саҷда хоҳанд кард ва Туро хоҳанд сароид; исми Туро хоҳанд сароид». Село.
[5] Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед; дар амалиёти Худ бар банӣ‐одам саҳмгин аст.
[6] Баҳрро ба хушкӣ табдил дод; пои пиёда аз дарьё гузаштанд; он ҷо дар Ӯ хурсандӣ кардем.
[7] Бо қудрати Худ бар ҷаҳон ҳукмфармост; чашмони Ӯ ба халқҳо менигарад; исьёнгарон сар нахоҳанд бардошт. Село.
[8] Эй қавмҳо, Худои моро муборак хонед, ва овози ҳамду санои Ӯро бишнавонед,
[9] Ки Ӯ ҷонҳои моро дар ҳаёт боқӣ гузошт, ва пойҳои моро намонд, ки фурӯ ғалтад.
[10] Зеро ки моро, эй Худо, имтиҳон кардӣ; моро гудохтӣ, чунон ки нуқраро мегудозанд.
[11] Моро ба дом даровардӣ; бори гароне бар камари мо гузоштӣ.
[12] Одамизодро бар сари мо савор кардӣ; ба оташ ва об даромадем, ва моро ба мавзеи пурфайз баровардӣ.
[13] Ба хонаи Ту бо қурбониҳои сӯхтанӣ хоҳам омад, назрҳои худро ба Ту адо хоҳам кард,
[14] Ки онҳо аз лабҳоям берун омадаанд, ва забонам дар тангии ман онҳоро ифода намудааст.
[15] Қурбониҳои сӯхтании бӯрдоқӣ ба Ту хоҳам овард, бо бухури қӯчқорҳо; нарговҳо ва такаҳо барои қурбонӣ муҳайё хоҳам кард. Село.
[16] Биёед, бишнавед, эй ҳамаи тарсгорони Худо, то он чиро, ки Ӯ барои ҷонам кардааст, ҳикоят намоям.
[17] Бо даҳонам сӯи Ӯ хондам, ва мадхия бар забонам буд.
[18] Агар дар дили худ талбисро медидам, Худованд маро намешунид.
[19] Аммо Худо шунид, ба овози дуоям диққат дод.
[20] Муборак аст Худо, ки дуоямро рад нанамуд ва эҳсони Худро аз ман дур накард.