Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Барои сардори муғанниён бар сози маҳалат барои сароидан. Суруди таълимии Ҳеймони Эзроҳӣ.

[2] Худовандо, Худои наҷоти ман! Рӯзона фарьёд мекашам, шабона пеши Ту ҳастам.

[3] Бигзор дуоям пеши Ту бирасад; гӯши Худро сӯи тазаррӯи ман хам намо,

[4] Зеро ки ҷонам аз мусибатҳо сер гардидааст, ва ҳаётам ба гӯристон наздик шудааст.

[5] Аз фурӯравандагони гӯр ҳисоб шудаам; мисли марде гардидаам, ки маҷол надошта бошад.

[6] Дар миёни мурдагон андохта шудаам, мисли шаҳидоне ки дар қабр хобидаанд, ки онҳоро дигар ёд нахоҳӣ кард, ва онҳо аз дасти Ту дур афтодаанд.

[7] Маро дар чоҳи таҳтуттуроб, дар зулматҳо, дар қаърҳо гузоштаӣ.

[8] Хашми Ту бар ман қарор гирифтааст, ва бо ҳамаи туғьёнҳои Худ маро пахш кардаӣ. Село.

[9] Шиносҳоямро аз ман дур кардаӣ, маро дар назари онҳо нафратангез гардондаӣ; мисли бандӣ ҳастам, ва наметавонам берун оям.

[10] Чашмам аз бисьёрии мусибат хаста шудааст; тамоми рӯз Туро, эй Худованд, хондаам; кафҳоямро сӯи Ту дароз кардаам.

[11] Оё барои мурдагон кори аҷоибе хоҳӣ кард? Магар мурдагон бархоста, Туро ҳамд хоҳанд гуфт? Село.

[12] Оё эҳсони Ту дар қабр зикр хоҳад ёфт, ва ростии Ту дар дӯзах?

[13] Магар корҳои аҷоиби Ту дар зулмот дониста хоҳад шуд, ва адолати Ту дар кишвари фаромӯшӣ?

[14] Валекин ман сӯи Ту, эй Худованд, истиғоса мебарам, ва субҳидам дуоям пеши Ту меояд.

[15] Чаро, эй Худованд, ҷонамро фаромӯш мекунӣ, ва рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?

[16] Ман ситамкаш ҳастам ва аз хурдсолӣ маҳкуми мамот шудаам; бимҳои Туро аз сар гузаронда, маъюс гардидаам.

[17] Ғазабҳои Ту бар ман гузаштааст; даҳшатҳои Ту кори маро тамом кардааст,

[18] Ҳар рӯз мисли об даври маро мегирад; ҳамааш якҷоя маро иҳота мекунад.

[19] Ёрон ва дӯстонро аз ман дур кардаӣ; ошноҳоям торикист.

Забур — Chapters