[1] Тарона. Суруди рӯзи шанбе.
[2] Некӯст Худовандро ҳамд гуфтан, ва исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, сароидан,
[3] Саҳаргоҳон эҳсони Туро баён кардан, ва шабҳо садоқати Туро,
[4] Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.
[5] Зеро ки маро, эй Худованд, бо корҳои Худ шод кардаӣ; аъмоли дастҳои Туро тараннум хоҳам кард.
[6] Чӣ бузург аст аъмоли Ту, эй Худованд! Бениҳоят амиқ аст фикрҳои Ту.
[7] Одами беақл инро намедонад, ва аблаҳ сарфаҳм намеравад.
[8] Дар сурате ки шарирон мисли алаф месабзанд, ва ҳамаи бадкирдорон мешукуфанд, то ки ба таври абадӣ нест шаванд, —
[9] Ту то абад дар афроз ҳастӣ, эй Худованд!
[10] Зеро инак, душманони Ту, эй Худованд, — инак, душманони Ту маҳв мегарданд ва ҳамаи бадкирдорон пароканда мешаванд.
[11] Вале шохи маро мисли гови ваҳшӣ баланд кардаӣ; ба худ равғани тоза молидаам;
[12] Ва чашмам ба мухолифонам хоҳад нигарист; гӯшҳоям дар бораи бадкешоне ки бар ман қиём мекунанд, хоҳад шунид.
[13] Одил мисли нахл хоҳад шукуфт, мисли арзи Лубнон нашъунамо хоҳад ёфт.
[14] Онҳое ки дар хонаи Худованд шинонда шудаанд, дар саҳнҳои Худои мо хоҳанд шукуфт.
[15] Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,
[16] То баён кунанд, ки Худованд росткор аст; Ӯ кӯҳпораи ман аст, ва дар Ӯ ҳеҷ ноинсофӣ нест.