[1] Суруд. Таронаи Ософ.
[2] Худоё! Ту сокит набош; хомӯш набош ва осуда набош, эй Худо!
[3] Зеро инак, душманони Ту хурӯш мебароваранд, ва хасмҳои Ту сар мебардоранд.
[4] Бар зидди қавми Ту дасиса меандешанд, ва бар зидди паноҳкардагони Ту машварат менамоянд.
[5] Гуфтанд: «Меравем ва онҳоро нест мекунем, то ки халқе набошанд, ва номи Исроил дигар зикр наёбад».
[6] Якдилона маслиҳатро пазондаанд, бар зидди Ту иттифоқ бастаанд:
[7] Хаймаҳои Адӯм ва исмоилиён; Мӯоб ва ҳоҷариён;
[8] Ҷабол ва Аммӯн ва Амолеқ; замини Фалиштӣ бо сокинони Сӯр;
[9] Ашшур низ ба онҳо ҳамроҳ шудааст; онҳо бозуе барои банӣ‐Лут гардидаанд. Село.
[10] Ба онҳо ончунон амал бикун, чунон ки ба Мидьён кардаӣ, чунон ки ба Сисро, чунон ки ба Ёбин дар наҳри Қишӯн,
[11] Ки онҳо дар Айндӯр ба ҳалокат расидаанд, барои замин пору шудаанд.
[12] Мирони онҳоро мисли Ӯреб ва Заэб гардон, ва ҳамаи шоҳзодагони онҳоро мисли Забҳ ва Салмуноъ,
[13] Ки онҳо мегуфтанд: «Воҳаҳои Худоро барои худ тасарруф хоҳем кард».
[14] Эй Худои ман! Онҳоро мисли ғуборе дар гирдбод гардон, мисли хасе пеши шамол.
[15] Чунон ки оташ ҷангалро месӯзонад, ва чунон ки аланга кӯҳҳоро парт мекунад,
[16] Ончунон онҳоро бо бӯрони Худ бирон, ва бо тундбоди Худ онҳоро дар даҳшат андоз.
[17] Рӯйҳои онҳоро пурнанг гардон, то ки исми Туро, эй Худованд, толиб шаванд.
[18] Бигзор онҳо ба сурати абадӣ шарманда ва ошуфтаҳол шаванд, ва расво шуда, нест гарданд,
[19] Ва бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Худованд аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ.