[1] Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам. Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар: мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ, ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
[2] Овози зориҳои маро бишнав, вақте ки сӯи Ту истиғоса мебарам ва дастҳои худро сӯи ҳарами муқаддаси Ту мебардорам.
[3] Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун, ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, вале бадӣ дар дил доранд.
[4] Ба онҳо мувофиқи корҳошон, мувофиқи кирдорҳои бадашон мукофот деҳ; мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо подош деҳ; сазояшонро ба онҳо баргардон.
[5] Азбаски ба корномаҳои Худо ва ба аъмоли дастҳои Ӯ диққат намедиҳанд, онҳоро хароб хоҳад кард ва бино нахоҳад намуд.
[6] Худованд муборак аст, зеро ки овози зориҳои маро шунидааст.
[7] Худованд қуввати ман ва сипари ман аст; дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам, ва дилам шод шуд, ва Ӯро бо суруди худ ҳамд хоҳам гуфт.
[8] Худованд қуввати қавми Худ ва истеҳқоми наҷоти масеҳи Худ мебошад.
[9] Қавми Худро наҷот деҳ ва мероси Худро баракат фармо; онҳоро чӯпонӣ бикун ва барафроз то абад!