[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Довуд.
[2] Вақте ки Туро мехонам, маро иҷобат намо, эй Худои адли ман! Дар тангӣ маро вусъат додаӣ. Ба ман марҳамат намо ва дуоямро бишнав.
[3] Эй фарзандони инсон! То ба кай ҷалолам дар нанг хоҳад буд? Ва гапҳои хушкухолиро дӯст дошта, толиби кизб хоҳед буд? Село.
[4] Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст; Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам.
[5] Музтариб шуда, хато накунед: бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед. Село.
[6] Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед.
[7] Бисьёр касон мегӯянд: «Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?» Нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо, эй Худованд!
[8] Ба дилам шодӣ бахшидаӣ аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.
[9] Ба саломатӣ дароз мекашам ва хоб меравам, зеро ки танҳо Ту, эй Худованд, маро дар осудагӣ сокин мегардонӣ.