Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Худовандро васф гӯед, эй фарзандони Худо! Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро бигӯед.

[2] Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед; ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед.

[3] Овози Худованд бар обҳост; Худои ҷалол гулдуррос мезанад; Худованд болои обҳои бисьёр аст.

[4] Овози Худованд пурқувват аст; овози Худованд пуршукӯҳ аст.

[5] Овози Худованд арзҳоро мешиканад; Худованд арзҳои Лубнонро мешиканад;

[6] Ва онҳоро мисли гӯсолае мерақсонад; Лубнон ва Сирюнро мисли бачаи гови ваҳшӣ.

[7] Овози Худованд забонаҳои оташро чақмоқ мезанонад.

[8] Овози Худованд биёбонро меларзонад; Худованд биёбони Қодешро меларзонад.

[9] Овози Худованд оҳуёнро ба дарди зоиш меандозад, ва ҷангалҳоро бараҳна мекунад; ва дар қасри Ӯ ҳама ҷалолро ба забон меоваранд.

[10] Худованд бар тӯфон нишаста буд; ва Худованд бар тахти подшоҳӣ хоҳад нишаст то абад.

[11] Худованд қавми Худро қувват хоҳад бахшид; Худованд ба қавми Худ дар роҳи сулҳу осоиштагӣ баракат хоҳад хост.

Забур — Chapters