Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам».

[2] Асои қуввати Туро Худованд аз Сион хоҳад фиристод; дар миёни душманони Худ хукмронӣ намо.

[3] Қавми Ту дар рӯзи қуввати Ту ба ихтиёр ҳозир шуданд, дар сару либоси қудсият; аз батни субҳидам шабнами ҷавонии Ту барои Туст.

[4] Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ.

[5] Худованд ба ямини Туст. Дар рӯзи ғазаби Худ подшоҳонро шикаст хоҳад дод,

[6] Бар халқҳо доварӣ хоҳад намуд, — аз ҷасадҳои мурда пур хоҳад кард; сарро дар замини паҳновар хоҳад кӯфт;

[7] Аз наҳри сари роҳ хоҳад нӯшид, бинобар ин сар хоҳад бардошт.

Забур — Chapters