[1] Барои сардори муғанниён. Суруди бандаи Худованд Довуд, ки суханони ин сурудро ба Худованд гуфт, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз панҷаи ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул халос кард. Ва ӯ гуфт:
[2] Туро, эй Худованд, эй қуввати ман, дӯст медорам!
[3] Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман; Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам; Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман.
[4] Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд, ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт.
[5] Камандҳои мамот бар ман печида буд, ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд;
[6] Азобҳои гӯр маро иҳота карда буд, домҳои мамот пеши роҳи маро гирифта буд.
[7] Дар тангии худ Худовандро хондам, ва ба Худои худ истиғоса бурдам. Овозамро аз қасри Худ шунид, ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид.
[8] Ва замин ба зилзила ва раъша омад, ва пояҳои кӯҳҳо биларзид ва биҷунбид, зеро ки Ӯ дарғазаб шуд;
[9] Аз димоғи Ӯ дуд баромад, ва аз даҳонаш оташи оламсӯз; ахгарҳои сӯзон аз Ӯ пайдо шуд.
[10] Ва осмонро хамонида, нузул кард, ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд.
[11] Ва бар каррубӣ савор шуда, парид, ва бар болҳои бод парвоз кард.
[12] Торикиро пардаи Худ, хаймаи гирдогирди Худ бисохт, ки торикии обҳо ва абрҳои осмон буд.
[13] Аз дурахшонӣ пеши Ӯ абрҳояш мешитофтанд, бо жола ва ахгарҳои оташ.
[14] Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод, бо жола ва ахгарҳои оташ.
[15] Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд, ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард.
[16] Ва маҷроҳои об намудор шуд, ва пояҳои дуньё аз итоби Ту, эй Худованд, аз вазиши боди димоғи Ту ошкор гардид.
[17] Аз афроз дасти ёрӣ дароз карда, маро баргирифт, аз обҳои бисьёр маро берун кашид;
[18] Аз душмани пурзӯрам ва аз бадхоҳонам, ки аз ман тавонотар буданд, маро халос кард.
[19] Дар рӯзи мусибатам бар ман пешдастӣ карданд, валекин Худованд муттакои ман буд.
[20] Ва маро ба вусъатобод баровард, маро раҳо кард, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ бар ман аст.
[21] Худованд аз рӯи адолатам маро мукофот кард, мувофиқи покии дастҳоям ба ман подош дод,
[22] Зеро ки роҳҳои Худовандро нигоҳ доштаам, ва аз пеши Худои худ ба шарорат дода нашудаам;
[23] Зеро ки ҳамаи дастурҳои Ӯ пеши назари ман аст, ва фароизи Ӯро аз худам дур накардаам.
[24] Ва пеши Ӯ беайб будам, ва ҳазар менамудам, ки гуноҳе накунам.
[25] Ва Худованд аз рӯи адолатам, мувофиқи покии дастҳоям пеши чашмони Ӯ, ба ман подош дод.
[26] Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ, бо марди ростдил ростдилона,
[27] Бо покдил — покдилона ва бо каҷрав — каҷравона.
[28] Зеро ки Ту мардуми ҳалимро наҷот медиҳӣ, ва чашмони ҳавобаландро паст мекунӣ.
[29] Зеро ки Ту, эй Худованд, чароғи маро дармегиронӣ: Худои ман торикии маро равшан мекунад;
[30] Зеро ки бо Ту ба қӯшуне тохт меоварам, ва бо Худои худ аз ҳисорҳо ҷаста мегузарам.
[31] Тариқи Худо комил аст, сухани Худованд покиза аст; Ӯ барои ҳамаи паноҳбарони Худ сипар аст.
[32] Зеро кист Худо, ҷуз аз Худованд? Ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
[33] Худо камари маро бақувват мебандад, ва роҳи маро рост мегардонад.
[34] Пойҳои маро мисли оҳувон мегардонад, ва бар баландиҳоям маро ба по мехезонад;
[35] Дастҳои маро ҷанг меомӯзад, ва бозувонам камони мисинро ӯҳда карда метавонад.
[36] Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато фармудаӣ, ва ямини Ту маро дастгирӣ мекунад, ва ҳилми Ту маро бузург мегардонад.
[37] Қадами маро зери ман вусъат медиҳӣ, ва пойҳоям намелағҷад.
[38] Душманонамро таъқиб менамоям ва ба онҳо рафта мерасам, ва то онҳоро маҳв накунам, барнамегардам;
[39] Онҳоро зада пахш мекунам, ва онҳо хеста наметавонанд; зери пойҳои ман меафтанд;
[40] Зеро ки камари маро барои ҳарбу зарб бақувват бастаӣ, ва мухолифонамро зери поям андохтаӣ.
[41] Душманонамро дар гурез андохтаӣ, ва ман бадхоҳонамро маҳв мекунам:
[42] Онҳо истиғоса мебаранд, валекин наҷотдиҳандае нест; Худовандро мехонанд, аммо Ӯ онҳоро иҷобат намекунад;
[43] Онҳоро чун ғуборе пеши бод соида пош медиҳам, чун лои кӯчаҳо онҳоро поймол мекунам.
[44] Маро аз ҷангу ҷидоли қавм раҳо кардаӣ, сари халқҳо гардондаӣ; қавме ки намешинохтамаш, ба ман хизмат мекунад;
[45] Фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд; аҳли ғайр ба ман тамаллуқ мегӯянд;
[46] Аҳли ғайр пажмурдаҳол мешаванд ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу ларз мебароянд.
[47] Худованд Ҳай аст, ва кӯҳпораи ман муборак аст, ва Худои наҷоти ман сарафроз бод, —
[48] Худое ки интиқоми маро мегирад ва қавмҳоро зердасти ман мегардонад.
[49] Маро аз душманонам раҳо кардаӣ, аз мухолифонам баланд бардоштаӣ, аз золим халосӣ додаӣ.
[50] Бинобар ин Туро, эй Худованд, дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро хоҳам сароид.
[51] Ӯ ба подшоҳи Худ зафарҳои бузурге мебахшад, ва ба масеҳи Худ эҳсон мекунад, яъне ба Довуд ва ба зурьёти вай то абад.