[1] Чаро халқҳо ба шӯр меоянд, ва қабилаҳо беҳуда қасд мекунанд?
[2] Подшоҳони замин қиём мекунанд, ва мирон бо ҳам машварат менамоянд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ:
[3] «Бандҳои онҳоро қатъ хоҳем кард, ва завлонаҳои онҳоро аз худ дур хоҳем андохт».
[4] Он ки дар осмон нишастааст, механдад: Худованд онҳоро тамасхур менамояд.
[5] Он гоҳ дар хашми Худ ба онҳо сухан меронад, ва бо ғазаби Худ онҳоро ба ҳарос меандозад:
[6] «Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион, кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам».
[7] Амри Худовандро баён мекунам. Ӯ ба Ман гуфт: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам.
[8] Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту, ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод.
[9] Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод; мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард».
[10] Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед; эй доварони замин, таълим гиред!
[11] Худовандро бо тарс ибодат намоед, ва бо ларз шодӣ кунед.
[12] Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!