[1] Суруд. Таронаи Довуд.
[2] Дилам қавист, эй Худо; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид; рӯҳам низ.
[3] Эй уд ва барбат, бедор шав! Ман субҳидамро бедор хоҳам кард.
[4] Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт: ва Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид.
[5] Зеро ки эҳсони Ту бузург аст фавқи осмонҳо, ва ростии Ту то афлок аст.
[6] Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод.
[7] Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
[8] Худо дар қудси Худ гуфтааст: «Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард, ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд.
[9] Ҷилъод аз они Ман аст, Менашше аз они Ман; ва Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;
[10] Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст; бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт; бар замини Фалиштӣ фарьёд хоҳам зад».
[11] Кист, ки маро ба шаҳри қалъадор дарорад? Кист, ки маро ба Адӯм ҳидоят намояд?
[12] Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ, ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?
[13] Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо, зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.
[14] Бо Худо зафар хоҳем ёфт, ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард.