Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Дар шаъни шафақи субҳ. Таронаи Довуд.

[2] Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардаӣ? Аз наҷотам ва аз суханони фиғонам дур ҳастӣ.

[3] Эй Худои ман! Рӯзона мехонам, ва маро иҷобат намекунӣ, шабона низ, ва маро оромӣ нест.

[4] Вале Ту, эй Қуддус, бар ҳамду саноҳои Исроил нишастаӣ.

[5] Падарони мо ба Ту таваккал мекарданд; таваккал мекарданд, ва онҳоро раҳоӣ медодӣ;

[6] Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд; ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.

[7] Валекин ман кирм ҳастам, ва на одамизод; нанги мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм.

[8] Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад; лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:

[9] «Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад; агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».

[10] Аммо Ту маро аз шикам берун овардаӣ, бар пистони модарам эмин доштаӣ.

[11] Аз батн бар Ту партофта шудаам; аз шиками модарам Ту Худои ман ҳастӣ.

[12] Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст, ва мададгоре нест.

[13] Говони бисьёре маро иҳота кардаанд, говмешони Бошон даври маро гирифтаанд,

[14] Даҳони худро бар ман воз кардаанд, мисли шере ки медарад ва наъра мезанад.

[15] Мисли об пош хӯрдаам; ҳамаи устухонҳоям аз ҳам ҷудо шудааст; дилам чун мум гардида, андаруни амъоям гудохта шудааст.

[16] Қувватам мисли сафол хушкидааст, забонам ба комам часпидааст, ва маро бар хоки мамот ниҳодаӣ.

[17] Зеро ки сагон маро иҳота кардаанд; тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта, дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд.

[18] Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам, лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор мегиранд.

[19] Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд.

[20] Валекин Ту, эй Худованд, дур набош. Эй қуввати ман, ба мадади ман шитоб кун.

[21] Ҷонамро аз шамшер халос кун, ягонаамро аз дасти сагон.

[22] Маро аз даҳони шер наҷот деҳ, ва иҷобат намуда, аз шохҳои говони ваҳшӣ халос кун.

[23] Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард.

[24] Эй тарсгорони Худо, Ӯро мадҳ кунед! Эй тамоми насли Яъқуб, Ӯро ҷалол диҳед! Ва эй тамоми насли Исроил, аз Ӯ тарсон бошед!

[25] Зеро ки Ӯ мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад, ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт, балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд.

[26] Ҳамду санои ман дар ҷамоати бузург аз Туст. Назрҳоямро пеши тарсгорони Ӯ адо хоҳам кард.

[27] Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд; толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд; дилҳои шумо то абад зинда бод.

[28] Тамоми ақсои замин Худовандро зикр намуда, сӯи Ӯ руҷӯъ хоҳанд кард, ва ҳамаи қабилаҳои халқҳо пеши Ту саҷда хоҳанд кард,

[29] Зеро ки салтанат аз они Худованд аст, ва Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.

[30] Ҳамаи танумандони замин хӯрда, саҷда хоҳанд кард; ҳар кӣ ба хок мефурояд ва ҷони худро зинда карда наметавонад, пеши Ӯ зону хоҳад зад.

[31] Зурьёташон Ӯро ибодат хоҳанд намуд, корномаҳои Худовандро ба насли баъдина ривоят хоҳанд кард;

[32] Онҳо омада, адолати Ӯро, ки ба амал овардааст, ба қавме ки таваллуд хоҳад шуд, нақл хоҳанд кард.

Забур — Chapters