Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.

[2] Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.

[3] Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: сахт фурӯ нахоҳам ғалтид.

[4] То ба кай ба марде ҳамла мекунед, то ки ӯро ҳамаатон ба ҳалокат бирасонед, ба монанди девори хамида ва тавораи калавида?

[5] Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.

[6] Танҳо дар Худо ором ёб, эй ҷонам! Зеро ки умедам аз Ӯст.

[7] Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: фурӯ нахоҳам ғалтид.

[8] Наҷоти ман ва ҷалоли ман дар Худост; кӯҳпораи қуввати ман ва паноҳгоҳи ман дар Худост.

[9] Ҳама вақт ба Ӯ таваккал кунед, эй қавм! Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед; Худо паноҳгоҳи мост. Село.

[10] Банӣ‐одам чизи бекоранд, фарзандони инсон ба сони кизб: агар ба тарозу гузошта шаванд, ҳамаашон якҷоя аз ҳеҷ ҳам камтаранд.

[11] Ба истисмор таваккал накунед, ва бо тороҷ наболед; вақте ки сарват биафзояд, ба он дил набандед.

[12] Худо як карат гуфтааст, ва ду карат инро шунидаам, ки қувват дар Худост;

[13] Ва эҳсон, эй Худованд, дар Туст, зеро ки Ту ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳӣ дод.

Забур — Chapters