[1] Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Таронаи Ософ. Суруд.
[2] Туро ҳамд мегӯем, эй Худо, ҳамд мегӯем; зеро ки исми Ту наздик аст; корҳои аҷоиби Туро ривоят мекунанд.
[3] «Вақте ки мӯҳлате муқаррар намоям, Ман аз рӯи ростӣ доварӣ хоҳам кард.
[4] Замин ва ҳамаи сокинонаш ба ларза омадаанд; Ман аркони онро барпо кардаам». Село.
[5] Ба лофакиён гуфтам: «Лоф назанед», ва ба шарирон: «Шох набардоред,
[6] Шохи худро бар афроз набардоред, бо гарданкашӣ суханони мутакаббирона нагӯед».
[7] Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд, ва на аз мағриб, ва на аз биёбони кӯҳсор,
[8] Балки Худо довар аст: якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад.
[9] Зеро ки коса дар дасти Худованд аст, шароби пур аз дорувор дар он ҷӯш мезанад; ва Ӯ аз он мерезад, ва дурди онро ҳамаи шарирони замин афшурда менӯшанд.
[10] Валекин ман то абад ривоят хоҳам кард, Худои Яъқубро хоҳам сароид.
[11] Ва ҳамаи шохҳои шариронро хоҳам шикаст; шохҳои одил барафрошта хоҳад шуд.