Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Сӯи Ту чашмонамро менигаронам, эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ!

[2] Инак, чунон ки чашмони ғуломон сӯи дасти оғоёни онҳост, чунон ки чашмони каниз сӯи дасти хотуни ӯст, ончунон чашмони мо сӯи Худованд Худои мост, то даме ки ба мо марҳамат намояд.

[3] Ба мо марҳамат намо, эй Худованд, ба мо марҳамат намо, зеро ки басо мо аз таҳқир сер шудаем.

[4] Басо ҷони мо аз тамасхури лоуболон ва таҳқири мағрурон сер гардидааст.

Забур — Chapters