Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.

[2] Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард, то ки бо забонам хатое накунам; ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад, то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст».

[3] Ман гунг ва хомӯш будам, аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд.

[4] Дилам андарунам аланга зад, дар фикрам оташ даргирифт, бо забони худ сухан гуфтам:

[5] «Аҷаламро, эй Худованд, ба ман маълум кун, ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист, то донам, ки кай фано мешавам.

[6] Инак, рӯзҳои маро ба қадри ваҷабе додаӣ, ва умрам дар назари Ту ҳеҷ аст. Ба яқин ҳар одамӣ, ки мутакаббирона меистад, чизи бекор аст». Село.

[7] Ба яқин одамизод мисли шабаҳе мегардад: бекора шӯру ғавғо менамояд, захира мекунад ва намедонад, ки он насиби кӣ мешавад.

[8] Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам? Умеди ман бар Туст.

[9] Аз ҳамаи ҷиноятҳоям маро раҳоӣ деҳ, пеши нобакорон маро хиҷил накун.

[10] Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям; зеро ки Ту инро кардаӣ.

[11] Офати Худро аз ман дур кун; аз зарбаи дасти Ту ман нобуд мешавам.

[12] Агар одамизодро мувофиқи далелҳои гуноҳи вай ҷазо диҳӣ, зебоии вай, мисли он ки куя зада бошад, хароб хоҳад шуд. Ба яқин ҳар одамӣ чизи бекор аст! Село.

[13] Дуои маро бишнав, эй Худованд, ва ба истиғосаи ман гӯш андоз; бар ашкҳоям сокит набош, зеро ки ман назди Ту ғарибам ва мисли ҳамаи падаронам муҳоҷирам.

[14] Ғазаби Худро аз ман бигардон, то каме кушодарӯй гардам, пеш аз он ки биравам, ва дигар нахоҳам буд.

Забур — Chapters