Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди Довуд. Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.

[2] Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ; некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.

[3] Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд, ва ба нерумандон — тамоми иштиёқи ман дар онҳост.

[4] Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.

[5] Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст; Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ.

[6] Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст, ва мероси зебое ба ман расидааст.

[7] Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст; шабҳо низ ботинам маро меомӯзад.

[8] Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид.

[9] Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад; ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд;

[10] Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт; нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад.

[11] Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.

Забур — Chapters