Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд, вақте ки аз писари худ Абшолӯм гурехт.

[2] Худовандо! Адуёнам чӣ қадар зиёд шудаанд! Бисьёр касон бар зидди ман қиём мекунанд;

[3] Бисьёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд: «Ӯро дар Худо наҷот нест». Село .

[4] Валекин Ту, эй Худованд, сипаре дар гирди ман, ҷалоли ман ва афрозандаи сари ман ҳастӣ.

[5] Овозам Худовандро мехонад, ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд. Село.

[6] Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам, зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад.

[7] Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.

[8] Бархез, эй Худованд! Маро наҷот дех, эй Худои ман! Зеро ки Ту ҳамаи душманонамро торсакӣ мезанӣ, дандонҳои шариронро мешиканӣ.

[9] Наҷот аз Худованд аст. Баракати Ту бар қавми Туст. Село.

Забур — Chapters