Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд.

[2] Худо хоҳад бархост, душманони Ӯ пароканда хоҳанд шуд, ва бадхоҳони Ӯ аз пеши Ӯ хоҳанд гурехт.

[3] Мисли он ки дуд пароканда мешавад, Ту онҳоро пароканда намо; мисли он ки мум аз оташ гудохта мешавад, шарирон аз ҳузури Худо нест хоҳанд шуд.

[4] Аммо одилон шодӣ хоҳанд кард, пеши Худо хурсанд хоҳанд шуд, ва аз шодмонӣ ба ваҷд хоҳанд омад.

[5] Дар шаъни Худо суруд хонед, исми Ӯро бисароед; барои Ӯ, ки бар осмонҳо савор аст, роҳе тайёр кунед; исми Ӯ Худованд аст, ва пеши Ӯ ба ваҷд оед.

[6] Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо дар маскани қудси Худ.

[7] Худо оворагонро ба хонаашон бармегардонад, бандиёнро аз завлонаҳо берун меоварад; аммо исьёнгарон дар биёбони тафсон сокин хоҳанд шуд.

[8] Худоё! Вақте ки Ту пеши қавми Худ берун омадӣ, вақте ки Ту дар биёбон қадамгузор шудӣ, село,

[9] Замин ба ларза афтод, ҳатто осмон аз ҳузури Худо ба боридан даромад; ин Сино низ аз ҳузури Худо, ки Худои Исроил аст.

[10] Борони пурфайз борондӣ, эй Худо; мероси Худро, ки лакот буд, пурзӯр гардондӣ.

[11] Қавми Ту дар он ҷо сокин шуданд; аз рӯи меҳрубонии Худ, эй Худо, хоҷати камбағалро раво кардӣ.

[12] Худованд амр мефармояд; мубашширзанон анбӯҳи азиманд.

[13] Подшоҳони лашкаркаш гурезогурез мекунанд; ва зани хонанишин ғаниматро тақсим мекунад.

[14] Агарчи байни оғилҳо фароғат доштед, болҳои кабӯтар бо нуқра пӯшида шуд, ва парҳояш бо зари холис.

[15] Вақте ки Қодир подшоҳонро дар он пароканда намуд, кӯҳи Салмӯнро барф зер кард.

[16] Кӯҳи худоён кӯҳи Бошон аст; кӯҳи сар ба фалак афрошта кӯҳи Бошон аст.

[17] Чаро шумо, эй кӯҳҳои сар ба фалак кашида, бо ҳасад менигаред ба кӯҳе ки Худо онро маскани Худ ихтиёр кардааст? Худованд бар он то абад сокин хоҳад буд.

[18] Аробаҳои Худо беҳадду ҳисоб аст, ҳазорон ҳазор аст; Худованд дар миёни онҳост, чунон ки дар қудсияти Худ бар Сино буд.

[19] Ба афроз сууд намудаӣ, асиронро ба асирӣ бурдаӣ, аз байни одамон бахшишҳо гирифтаӣ, ва аз байни исьёнгарон низ, то ки Ту, эй Худованд Худо, бар он афроз сокин бошӣ.

[20] Муборак аст Худованд, ки ҳар рӯз бори моро мебардорад, Худое ки наҷоти мост, село,

[21] Худое ки барои мо Худои наҷот аст; ва роҳҳои халосӣ аз мамот дар дасти Худованд Худост.

[22] Ба яқин Худо сари душманони Худро хоҳад кӯфт; фарқи сари мӯйдори касеро, ки бо роҳи айбҳои худ як зайл равон бошад.

[23] Худованд гуфт: «Аз Бошон хоҳам баргардонд, аз қаъри баҳр хоҳам баргардонд,

[24] То ки пои ту дар хун ғӯта занад, ва забони сагони ту аз душманон баҳравар шавад».

[25] Намоишҳои Туро, эй Худо, дидаанд, намоишҳои Худои маро, Подшоҳи маро дар қудс.

[26] Пешопеш сарояндагон равон, аз ақиби онҳо — навозандагон, дар миёна — духтарони дафнавоз:

[27] «Дар ҷамъомадҳо Худоро муборак хонед, Худовандро аз манбаи Исроил!»

[28] Он ҷо Биньёмини ҷавон — пешоҳанги онҳо; мирони Яҳудо — анбӯҳи онҳо; мирони Забулун, мирони Нафтолӣ.

[29] Худои ту қувватро барои ту амр фармудааст. Он чиро, ки Ту, эй Худо, барои мо ба амал овардаӣ, тақвият намо!

[30] Аз қасри Ту, ки дар Ерусалим аст, подшоҳон ба Ту ҳадияҳо хоҳанд овард.

[31] Даррандаи наистонро ром кун, галаи говмешонро низ дар миёни гӯсолаҳои қавмҳо, ки аз барои сихҳои нуқра косалесӣ мекунанд; қавмҳои ҷангҷӯро пароканда намо.

[32] Олиҷоҳон аз Миср хоҳанд омад; Ҳабаш дастҳои худро сӯи Худо дароз хоҳад кард.

[33] Эй мамлакатҳои дуньё! Дар шаъни Худо суруд хонед, Худовандро бисароед, село,

[34] Ки Ӯ бар фалакулафлоки азалӣ савор аст. Инак, овози Худро медиҳад, ки овози пурқувват аст.

[35] Бузургии Худоро ҳамд гӯед! Ҷалоли Ӯ бар Исроил аст, ва қуввати Ӯ дар афлок.

[36] Ту, эй Худо, аз қудсҳои Худ саҳмгин ҳастӣ. Худои Исроил ба қавми Худ қувват ва қудрат мебахшад. Муборак аст Худо!

Забур — Chapters