[1] Таронаи банӣ‐Кӯраҳ. Суруд.
[2] Буньёди он дар кӯҳҳои муқаддас мебошад. Худованд дарвозаҳои Сионро зиёда аз ҳамаи масканҳои Яъқуб дӯст медорад.
[3] Суханони ситоиш дар ҳаққи ту гуфта мешавад, эй шаҳри Худо. Село.
[4] «Ба орифони Худ Раҳаб ва Бобилро зикр хоҳам кард; инак замини Фалиштӣ, ва Сӯр бо Ҳабаш; фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст».
[5] Вале дар ҳаққи Сион гуфта хоҳад шуд: «Фалон одам ва фалон одам дар он таваллуд шудааст; ва Худи Ҳаққи Таоло онро барпо кардааст».
[6] Худованд дар дафтари қавмҳо хоҳад навишт: «Фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст». Село.
[7] Ва сарояндагон бо раққосон: «Ҳамаи чашмаҳоям дар туст».
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150