[1] Ҳалелуёҳ. Исми Худовандро мадҳ кунед! Мадҳ кунед, эй бандагони Худованд,
[2] Ки дар хонаи Худованд меистед: дар саҳнҳои хонаи Худои мо.
[3] Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд некӯст; исми Ӯро бисароед, зеро ки дилпазир аст.
[4] Зеро ки Худованд Яъқубро барои Худ баргузидааст, ва Исроилро ҳамчун азизи Худ.
[5] Яқин медонам, ки Худованд бузург аст, ва Худованди мо аз ҳамаи худоён бартарӣ дорад.
[6] Худованд ҳар чӣ хоҳад, ба амал меоварад: дар осмон ва дар замин, дар баҳрҳо ва дар ҳамаи вартаҳо.
[7] Абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад; барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад; бодро аз ганҷинаҳои Худ берун мекунад.
[8] Ӯ нахустзодагони Мисрро зарба задааст: аз одамизод то чорпо.
[9] Аломот ва мӯъҷизотро ба даруни Миср фиристодааст: бар фиръавн ва бар ҳамаи ғуломони вай.
[10] Ӯ халқҳои бисьёрро зарба задааст, ва подшоҳони зӯроварро куштааст:
[11] Сихӯн подшоҳи амӯриёнро, ва Ӯҷ подшоҳи Бошонро, ва ҳамаи мамлакатҳои Канъонро.
[12] Ва замини онҳоро мерос додааст: мерос ба қавми Худ Исроил.
[13] Худовандо! Исми Ту то абад аст. Худовандо! Зикри Ту то абадуддаҳр аст.
[14] Зеро ки Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард, ва бар бандагони Худ тараҳҳум хоҳад намуд.
[15] Бутҳои халқҳо нуқра ва тиллост, амали дастҳои одамизод.
[16] Онҳо даҳон доранд, вале ҳарф намезананд; чашм доранд, вале намебинанд;
[17] Гӯш доранд, вале гӯш намекунанд, дар даҳонашон низ нафасе нест.
[18] Созандагонашон мисли онҳо хоҳанд буд, ва ҳар касе ки ба онҳо таваккал мекунад.
[19] Эй хонадони Исроил! Худовандро муборак бихонед. Эй хонадони Ҳорун! Худовандро муборак бихонед.
[20] Эй хонадони Левӣ! Худовандро муборак бихонед. Эй тарсгорони Худованд! Худовандро муборак бихонед.
[21] Худованд аз Сион муборак аст, сокини Ерусалим аст. Ҳалелуёҳ!