Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳамду санои Довуд. Туро, эй Худои ман, ки Подшоҳ ҳастӣ, болобардор хоҳам кард, ва исми Туро муборак хоҳам хонд то абад.

[2] Ҳар рӯз Туро муборак хоҳам хонд, ва исми Туро мадҳ хоҳам кард то абад.

[3] Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ; ва бузургии Ӯ беҳадду беканор аст.

[4] Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд, ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.

[5] Дар бораи шукӯҳу шавкати ҷалоли Ту ва корномаҳои аҷоиби Ту фикру хаёл хоҳам кард.

[6] Ва дар бораи қуввати корҳои саҳмгини Ту сухан хоҳанд ронд; ва бузургии Туро нақл хоҳам кард.

[7] Зикри меҳрубониҳои бисьёри Туро ифода хоҳанд намуд, ва адолати Туро тараннум хоҳанд кард.

[8] Худованд бахшанда ва раҳим аст, собир ва серэҳсон.

[9] Худованд барои ҳама некӯст, ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст.

[10] Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд, ва порсоёнат Туро муборак мехонанд;

[11] Аз ҷалоли малакути Ту сухан меронанд, ва қудрати Туро тавсиф менамоянд;

[12] То ки қудрати Ӯро ба банӣ‐одам маълум кунанд, ва ҷалоли шавкати малакути Ӯро.

[13] Малакути Ту малакути ҳамаи замонҳост, ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост.

[14] Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.

[15] Чашмони ҳама сӯи Ту интизор дорад, ва Ту ризқи онҳоро дар вақташ мерасонӣ.

[16] Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ.

[17] Худованд дар ҳамаи тариқҳои Худ одил аст. ва дар тамоми аъмоли Худ пур аз эҳсон аст.

[18] Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд.

[19] Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад.

[20] Худованд ҳамаи дӯстдорони Худро нигаҳбонӣ мекунад, ва ҳамаи шариронро нест хоҳад кард.

[21] Даҳонам ҳамду санои Худовандро мегӯяд, ва тамоми башар исми қуддуси Ӯро муборак мехонад то абад.

Забур — Chapters