Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Барои ёдоварӣ.

[2] Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун, ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ,

[3] Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст, ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.

[4] Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест; дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест,

[5] Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;

[6] Аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудааст, фасод кардааст.

[7] Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;

[8] Зеро ки суринҳоям пур аз варам аст, ва дар ҷисмам ҷои сиҳате нест.

[9] Бағоят бемадор ва шалпар шудаам; аз дарди дили худ наъра мезанам.

[10] Худовандо! Тамоми орзуям пеши назари Туст, ва оҳу фиғонам аз Ту пӯшида нест.

[11] Дилам метапад; қувватам аз ман рафтааст, ва нури чашмонам низ бо ман нест.

[12] Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд, ва хешовандонам дур истодаанд.

[13] Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд, ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.

[14] Валекин ман мисли кар намешунавам, ва мисли гунге ҳастам, ки даҳонашро намекушояд;

[15] Ва монанди шахсе гардидаам, ки намешунавад, ва дар забонаш далеле нест.

[16] Аммо ба Ту, эй Худованд, умед бастаам; Ту иҷобат намо, эй Худованд Худои ман.

[17] Зеро ки гуфтаам: «Мабодо бар ман шодкомӣ ёбанд ва, агар пешпо хӯрам, бар ман такаббур кунанд».

[18] Зеро ки ман ба афтодан наздик шудаам, ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст.

[19] Зеро ки ба гуноҳи худ иқрорам, аз хатои худ ғамгинам.

[20] Валекин душманонам зинда ва пурзӯранд, ва онҳое ки ноҳақ бадхоҳи мананд, бисьёранд;

[21] Ва онҳое ки ба ивази некӣ бадӣ мекунанд, барои он ба ман адоват доранд, ки некиро пайравӣ менамоям.

[22] Маро тарк накун, эй Худованд Худои ман! Аз ман дур набош;

[23] Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!

Забур — Chapters