Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Ософ.

[2] Дар шаъни Худое ки қуввати мост, тараннум намоед! Дар шаъни Худои Яъқуб бонги шодӣ занед!

[3] Сурудро баланд кунед ва дафро биёред, ва барбати хушоҳангро бо уд.

[4] Дар сари моҳ шох навозед, дар рӯзи моҳи пурра низ, ки рӯзи иди мост.

[5] Зеро ки он фарз аст барои Исроил, ҳукмест аз Худои Яъқуб.

[6] Инро Ӯ шаҳодате дар Юсуф муқаррар намуд, вақте ки вай бар замини Миср берун рафт. Забонеро, ки намедонистам, шунидам:

[7] «Китфи варо аз бори гарон раҳо кардам; кафҳои вай аз сабад озод шуд.

[8] Дар тангӣ хондӣ, ва Ман туро халосӣ додам; аз даруни раъд туро иҷобат намудам; назди обҳои Мерибо туро имтиҳон кардам. Село.

[9] Бишнав, эй қавми Ман, ва Ман ба ту шаҳодат хоҳам дод; эй Исроил, кошки Маро бишнавӣ!

[10] Бигзор туро худои ғайр набошад, ва ту ба худои бегона саҷда накун.

[11] Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср берун овардаам; даҳони худро воз кун, ва Ман онро пур хоҳам кард.

[12] Валекин қавми Ман ба овози Ман гӯш надод, ва Исроил ба ман сар нафуровард.

[13] Ва Ман онҳоро ба якравии дилашон вогузор кардам, то ки аз паи андешаҳои худ бираванд.

[14] Кошки қавми Ман ба Ман гӯш медод, ва Исроил бо роҳҳои Ман мерафт!

[15] Ба зудӣ душманони онҳоро фурӯ менишондам, ва дасти Худро бар адуёни онҳо бармегардондам:

[16] Хасмҳои Худованд ба вай бо тамаллуқ мутеъ мешуданд, ва замони вай то абад давом мекард.

[17] Варо аз гандуми беҳтарин мехӯрондам; ва аз асали кӯҳпора туро сер мекардам».

Забур — Chapters