Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Маро дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд, зеро ки ман дар беайбии худ рафтор кардаам, ва ба Худованд таваккал намудаам, пас пешпо нахоҳам хӯрд.

[2] Маро имтиҳон намо, эй Худованд, ва маро биозмой; ботинам ва диламро бигудоз;

[3] Зеро ки эҳсони Ту пеши назари ман аст, ва дар ростии Ту рафтор кардаам;

[4] Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам, ва бо риёкорон нахоҳам рафт;

[5] Аз ҷамоати бадкешон нафрат дорам, ва бо шарирон нахоҳам нишаст;

[6] Кафҳоямро ба покӣ хоҳам шуст, ва гирди қурбонгоҳи Ту, эй Худованд, хоҳам гашт,

[7] То ки овози шукронаи худро бишнавонам, ва ҳамаи корҳои аҷоиби Туро нақл намоям.

[8] Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам, ва мақоми маскани ҷалоли Туро.

[9] Ҷонамро бо хатокорон ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,

[10] Ки дар дастҳошон фисқу фуҷур аст, ва яминашон пур аз ришва.

[11] Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам; маро раҳоӣ деҳ ва ба ман марҳамат намо.

[12] Поям дар ҷои ҳамвор истодааст; дар ҷамъомадҳо Худовандро муборак хоҳам хонд.

Забур — Chapters