Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Муборак аст Худованд, ки кӯҳпораи ман аст; Ӯ дастҳоямро ҳарбу зарб, ва ангуштонамро ҷанг меомӯзад.

[2] Ӯ эҳсони ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст, ва ба Ӯ паноҳ мебарам; қавми маро зердасти ман мегардонад.

[3] Худовандо! Чист одам, ки ӯро бишносӣ? Ва фарзанди инсон, ки ӯро ба назари эътибор гирӣ?

[4] Одамизод мисли як нафас аст: рӯзҳои вай мисли сояи даргузар аст.

[5] Худовандо! Осмони Худро хамонида, нузул намо; ба кӯҳҳо даст бирасон, то ки дуд кунанд.

[6] Барқҳоро барқ занонда, онҳоро пароканда соз; тирҳои Худро фиристода, онҳоро ҳаросон намо.

[7] Дасти Худро аз афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ,

[8] Ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст.

[9] Худоё! Дар шаъни Ту суруди наве мехонам, бо уди даҳтор Туро месароям,

[10] Ки подшоҳонро Ту наҷот мебахшӣ, ва бандаи Худ Довудро аз шамшери қотил раҳо мекунӣ.

[11] Маро бираҳон ва маро аз дасти мардуми аҷнабӣ халосӣ деҳ, ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст;

[12] То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд; духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории кӯшкҳо зебо бошанд;

[13] Анборҳои мо пуропур шуда, аз ҳар навъ нозу неъмат таъмин намоянд; рамаҳои мо ҳазорҳо карат афзуда, бевар‐бевар дар чарогоҳҳои мо чарида гарданд;

[14] Барзаговҳои мо зери бор монанд; на мусибате ба амал ояд, на хуруҷе, на фиғоне дар кӯчаҳои мо.

[15] Хушо қавме ки аҳволаш чунин аст! Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст!

Забур — Chapters