Skip to content
Opens in a new window

[1] Дуои Довуд. Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, маро иҷобат намо, зеро ки ман мискин ва камбағалам.

[2] Ҷони маро нигоҳ дор, зеро ки ман порсо ҳастам; Ту, эй Худои ман, бандаи Худро, ки ба Ту таваккал мекунад, наҷот деҳ.

[3] Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ҳар рӯз сӯи Ту мехонам.

[4] Ҷони бандаи Худро шод гардон, зеро ки сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро менигаронам.

[5] Зеро ки Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд.

[6] Ба дуоям, эй Худованд, гӯш андоз, ва ба овози зориҳоям диққат намо.

[7] Дар рӯзи тангии худ Туро хоҳам хонд, зеро ки маро иҷобат хоҳӣ кард.

[8] Мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён нест; ва аъмоле мисли аъмоли Ту нест.

[9] Ҳамаи халқҳое ки офаридаӣ, омада пеши Ту, эй Худованд, саҷда хоҳанд кард; ва исми Туро ҷалол хоҳанд дод.

[10] Зеро ки Ту бузург ҳастӣ ва корҳои аҷоиб мекунӣ, — Ту, эй Худо, танҳо Худат.

[11] Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям; диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад.

[12] Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод,

[13] Зеро ки эҳсони Ту ба ман бузург аст, ва ҷонамро аз асфалуссофилин халосӣ додаӣ.

[14] Худоё! Бадқасдон бар ман қиём кардаанд, ва тӯдаи ситамгарон қасди ҷонам доранд; ва Туро пеши назари худ намеоваранд.

[15] Валекин Ту, эй Худованд, Худои раҳим ва бахшандаӣ, собир ва пур аз эҳсон ва ростӣ.

[16] Ба ман лутф ва марҳамат намо; қуввати Худро ба бандаат бибахш, ва писари канизи Худро наҷот деҳ;

[17] Ба ман аломати некӯӣ зоҳир намо, то ки бадхоҳонам дида, хиҷил шаванд, зеро ки Ту, эй Худованд, ба ман ёварӣ намудаӣ ва маро тасаллӣ додаӣ.

Забур — Chapters