[1] Суруди таълимии Эйтони Эзроҳӣ.
[2] Ба эҳсонҳои Худованд то абад суруд хоҳам хонд; садоқати Туро бо даҳони худ то абадуддаҳр баён хоҳам кард.
[3] Зеро ки мегӯям: «Эҳсон ба сурати абадӣ бино ёфтааст; садоқати Худро дар осмонҳо ба монанди онҳо барпо кардаӣ».
[4] «Бо баргузидаи Худ аҳд бастаам, ба бандаи Худ Довуд қасам хӯрдаам:
[5] Зурьёти туро то абад пойдор хоҳам сохт, ва тахти туро то абадуддаҳр бино хоҳам кард». Село.
[6] Ва осмонҳо корҳои аҷоиби Туро, эй Худованд, ҳамд хоҳанд гуфт; садоқати Туро низ дар шӯрои муқаддасон.
[7] Зеро кист дар фалак, ки ба Худованд баробар бошад? Кист аз фарзандони Худо, ки ба Худованд монанд бошад?
[8] Худо дар шӯрои бузурги муқаддасон арҷманд аст, ва барои ҳамаи онҳое ки гирдогирди Ӯ ҳастанд, саҳмгин аст.
[9] Худовандо, Худои лашкарҳо! Кист, ки мисли Ту, эй Худованд, тавоно бошад? Ва садоқати Ту гирдогирди Туст.
[10] Ту бар ғалаёни баҳр ҳукмфармо ҳастӣ; вақте ки мавҷҳояш баланд шавад, Ту онҳоро сокит мекунӣ.
[11] Ту Раҳабро мисли шаҳиде фурӯ нишондаӣ; бо бозуи пурзӯри Худ душманонатро пароканда кардаӣ.
[12] Осмон аз они Туст, замин низ аз они Туст; дуньёро бо ҳар чӣ дар он аст, Ту буньёд кардаӣ.
[13] Шимол ва ҷанубро Ту офаридаӣ; Тобӯр ва Ҳермӯн ба исми Ту тараннум хоҳанд кард.
[14] Бозуи Ту соҳиби қудрат аст; дасти Ту пурқувват аст, ямини Ту боло.
[15] Адолат ва инсоф асоси тахти Туст; эҳсон ва ростӣ пешопеши Ту мераванд.
[16] Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд! Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд;
[17] Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд, ва ба адолати Ту сарафроз мегарданд,
[18] Зеро ки ҷалолати қуввати онҳо Ту ҳастӣ; ва бо таваҷҷӯҳи Ту шохи мо баланд хоҳад шуд.
[19] Зеро ки сипари мо аз они Худованд аст, ва подшоҳи мо аз они Қуддуси Исроил.
[20] Як вақте ба порсои Худ дар рӯъё сухан ронда, гуфтаӣ: «Ба зӯровар мадад кардам; баргузидаи қавмро боло бардоштам.
[21] Бандаи Худ Довудро кофта ёфтам; бо равғани муқаддаси Худ ӯро тадҳин кардам,
[22] Ки дасти Ман муттакои ӯ хоҳад буд; бозуи Ман низ ӯро қавӣ хоҳад кард.
[23] Душман ӯро фишор нахоҳад дод, ва ноинсофе ба ӯ осеб нахоҳад расонд.
[24] Ва адуёни ӯро пеши ӯ шикаст хоҳам дод, ва бадхоҳони ӯро иҳота хоҳам кард.
[25] Ва садоқати Ман ва эҳсони Ман бо ӯст, ва шохи ӯ ба исми Ман баланд хоҳад шуд.
[26] Ва дасти ӯро бар баҳр хоҳам гузошт, ва ямини ӯро бар дарьёҳо.
[27] Ӯ Маро хоҳад хонд: „Ту падари ман ҳастӣ, эй Худои ман ва кӯҳпораи наҷоти ман“.
[28] Ман низ ӯро нахустзодаи Худ хоҳам гардонд, баландтар аз подшоҳони замин.
[29] Эҳсони Худро ба ӯ то абад нигоҳ хоҳам дошт, ва аҳди Ман бо ӯ боэътимод хоҳад буд.
[30] Ва зурьёти ӯро то абад боқӣ хоҳам гузошт, ва тахти ӯро мисли рӯзҳои осмон.
[31] Агар фарзандонаш шариати Маро тарк созанд, ва аз рӯи дастурҳои Ман рафтор накунанд;
[32] Агар фароизи Маро поймол кунанд, ва аҳкоми Маро нигоҳ надоранд, —
[33] Ҷинояти онҳоро бо асо сазо хоҳам дод, ва гуноҳи онҳоро бо шаллоқ.
[34] Вале эҳсони Худро аз ӯ дур нахоҳам кард, аз садоқати Худ даст нахоҳам кашид.
[35] Аҳди Худро нахоҳам шикаст, ва он чиро, ки аз даҳонам баромадааст, тағьир нахоҳам дод.
[36] Як бор ба қудсияти Худ қасам хӯрдам, ки ба Довуд дурӯғ нахоҳам гуфт.
[37] Зурьёти ӯ то абад хоҳад буд, ва тахти ӯ мисли офтоб ба ҳузури Ман;
[38] Мисли моҳ то абад қоим хоҳад буд, ва шоҳиди амин дар фалак». Село.
[39] Валекин Ту тарк кардаӣ ва безор шудаӣ, ва бо масеҳи Худ дар қаҳр шудаӣ.
[40] Аҳди бандаи Худро хор дидаӣ, тоҷи ӯро ба замин задаӣ.
[41] Ҳамаи ҳисорҳои ӯро рахна кардаӣ, қалъаҳои ӯро ба харобазор табдил додаӣ.
[42] Ҳамаи роҳгузарон ӯро ғорат мекунанд; назди ҳамсояҳои худ нангин шудааст.
[43] Ямини адуёни ӯро боло бардоштаӣ, ҳамаи душманони ӯро шод кардаӣ.
[44] Дами шамшерашро низ гардондаӣ, ва ӯро дар ҷанг тақвият надодаӣ.
[45] Шавкати ӯро ботил кардаӣ, ва тахти ӯро ба замин андохтаӣ.
[46] Айёми навҷавонии ӯро кӯтоҳ кардаӣ; пероҳани хиҷолат бар ӯ пӯшондаӣ. Село.
[47] То ба кай, эй Худованд, доим ниҳон хоҳӣ буд? Ва ғазаби Ту мисли оташ аланга хоҳад зад?
[48] Ба ёд ор, чӣ гуна фонист умри ман? Чӣ гуна тамоми банӣ‐одамро ҳеҷу пуч офаридаӣ?
[49] Кист марде ки зиндагӣ карда, мамотро намедида бошад? Ва ҷонашро аз дасти қабр халос мекарда бошад? Село.
[50] Қуҷост эҳсонҳои пештараи Ту, эй Худованд, ки ба Довуд бо садоқати Худ қасам хӯрдаӣ?
[51] Хории бандагони Худро, эй Худованд, ба ёд ор, ки онро аз ҳамаи қавмҳои бисьёр дар синаи худ бардошта мегардам;
[52] Хорие ки душманони Ту, эй Худованд, расондаанд; хорие ки ба изҳои қадами масеҳи Ту расондаанд.
[53] Муборак аст Худованд то абад! Омин ва омин.