[1] Ҳалелуёҳ. Худовандро бо тамоми дил ҳамд хоҳам гуфт дар шӯрои росткорон ва дар ҷамоат.
[2] Аъмоли Худованд бузург аст; матлуб аст барои ҳамаи шавқмандони он.
[3] Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.
[4] Корҳои аҷоиби Худро василаи зикр гардондааст; Худованд бахшанда ва раҳим аст.
[5] Ба тарсгорони Худ ризқу рӯзӣ додааст; аҳди Худро ба сурати абадӣ дар хотир дорад.
[6] Куввати аъмоли Худро ба қавми Худ зоҳир сохт, то ки мероси халқҳоро ба онҳо бидиҳад.
[7] Аъмоли дастҳои Ӯ ростӣ ва инсоф аст; ҳамаи фармудҳои Ӯ боэътимод аст:
[8] То абад матин аст; бар ростӣ ва росткорӣ асос ёфтааст.
[9] Раҳоӣ барои қавми Худ фиристод, аҳди Худро ба сурати абадӣ амр фармуд; исми Ӯ қуддус ва саҳмгин аст!
[10] Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст, хиради некӯст барои ҳар касе ки онҳоро ба ҷо меоварад; ҳамду санои Ӯ то абад қоим аст.