[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
[2] То ба кай, эй Худованд, маро доим фаромӯш мекунӣ? То ба кай рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?
[3] То ба кай дар ҷонам андешаҳои ҳузнангез ва дар дилам ҳар рӯз ғаму ғусса дошта бошам? То ба кай душманам бар ман дастболо бошад?
[4] Назар афканда, маро иҷобат намо, эй Худованд Худои ман! Чашмонамро равшан бикун, ки мабодо хоби марг равам;
[5] Мабодо душманам гӯяд: «Аз вай зӯр баромадам»; ва адуёнам шодӣ кунанд, вақте ки ман фурӯ ғалтам.
[6] Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям; дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад; дар шаъни Худованд суруд мехонам, зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150