[1] Ҳалелуёҳ. Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед; ва ҳамду санои Ӯро дар шӯрои порсоён.
[2] Бигзор Исроил дар Офаридагори худ шодӣ кунад; фарзандони Сион дар Подшоҳи худ хурсандӣ кунанд;
[3] Исми Ӯро дар рақс мадҳ намоянд; бо даф ва барбат Ӯро бисароянд,
[4] Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.
[5] Бигзор порсоён дар ҷалол хушнӯд шаванд, бар бистарҳошон тараннум кунанд;
[6] Мадҳияҳои Худо дар даҳонашон бошад, ва шамшери дудама дар дасташон,
[7] То ки аз халқҳо интиқом гиранд, қабилаҳоро мазаммат намоянд:
[8] Подшоҳони онҳоро бо занҷирҳо бандӣ кунанд, ва калоншавандаҳои онҳоро бо завлонаҳои оҳанин;
[9] Бар онҳо довариро, ки навишта шудааст, ба амал оваранд; ин барои ҳамаи порсоёни Ӯ шавкат хоҳад буд. Ҳалелуёҳ!