[1] Барои сардори муғанниён бар сози нафасӣ. Суруди таълимии Довуд.
[2] Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест». Онҳо фосид шудаанд ва корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест.
[3] Худо аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт, то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?
[4] Ҳама ақиб гаштаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд; некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
[5] Оё бадкирдорон фаҳм намекунанд, ки қавми Маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд? Худоро нахондаанд.
[6] Он вақт сахт ҳаросон шуданд, дар сурате ки ҷои ҳарос набуд; зеро ки Худо устухонҳои муҳосиракунандаи туро парешон кард. Онҳоро хиҷил кардаӣ, чунки Худо онҳоро рад кард.
[7] Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худо асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.