Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози шушаним‐эдут. Таронаи Ософ.

[2] Эй чӯпони Исроил, гӯш андоз! Эй, ки Юсуфро мисли гӯсфандон роҳбарӣ намудаӣ, эй, ки бар каррубиён нишастаӣ, таҷаллӣ намо!

[3] Пеши Эфроим ва Биньёмин ва Менашше қудрати Худро бедор намо, ва барои наҷоти мо биё.

[4] Худоё! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.

[5] Худовандо, Худои лашкарҳо! То ба кай аз дуои қавми Худ қаҳр хоҳӣ кард?

[6] Онҳоро нони пур аз ашк мехӯронӣ, ва ашкҳои фаровон менӯшонӣ.

[7] Моро гирифтори ҷидоли ҳамсоягони мо гардондаӣ, ва душманон моро байни худ тамасхур мекунанд.

[8] Эй Худои лашкарҳо! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.

[9] Токро аз Миср берун овардӣ, халқҳоро бадар рондӣ, ва онро шинондӣ.

[10] Барояш ҷой холӣ кардӣ, ва он чуқур реша давонд, ва заминро пур кард.

[11] Кӯҳҳо бо сояи он пӯшида шуд, ва шохаҳои он мисли арзҳои Худост.

[12] Шохаҳои худро то баҳр паҳн кард, ва навдаҳояшро то дарьё.

[13] Чаро ҳисорҳои онро рахна кардаӣ, ба тавре ки ҳар роҳгузар онро меканад,

[14] Хуки ёбоӣ онро дандон мезанад, ва ҳайвони саҳро онро мехӯрад?

[15] Эй Худои лашкарҳо! Руҷӯъ намуда, аз осмон назар андоз ва бубин, ва аз ҳоли ин ток хабар гир,

[16] Ва он чиро, ки ямини Ту шинондааст, тақвият намо, ва он писарро, ки барои Худ баргузидаӣ.

[17] Он дар оташ сӯзонда шудааст, шохаҳояш бурида шудаанд; аз итоби рӯи Ту нест хоҳанд шуд.

[18] Бигзор дасти Ту бар шахси ямини Ту бошад, бар фарзанди одаме ки барои Худ баргузидаӣ.

[19] Ва мо аз Ту қафо нахоҳем гашт; моро зинда гардон, ва мо исми Туро хоҳем хонд.

[20] Худовандо, Худои лашкарҳо! Моро баргардон, рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.

Забур — Chapters