[1] Ҳалелуёҳ. Хушо касе ки аз Худованд метарсад; ба аҳкоми Ӯ бисьёр шавқ дорад.
[2] Зурьёти ӯ дар замин зӯровар хоҳанд буд; насли росткорон баракат хоҳанд ёфт.
[3] Фаровонӣ ва сарват дар хонаи ӯст; ва адолати ӯ то абад қоим аст.
[4] Дар торикӣ барои росткорон нур тулӯъ мекунад; бахшанда ва раҳим ва одил аст.
[5] Некӯст касе ки мебахшад ва қарз медиҳад; корҳои худро аз рӯи инсоф мураттаб менамояд.
[6] Зеро ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад ғалтид: одил то абад зикр хоҳад ёфт.
[7] Аз овозаи бад наметарсад; дилаш қавист, ба Худованд таваккал мекунад.
[8] Дилаш матин аст, наметарсад; то даме ки нокомии адуёнашро бубинад.
[9] Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; адолаташ то абад қоим аст; шохаш дар ҷалол баланд хоҳад шуд.
[10] Шарир инро дида, ба хашм хоҳад омад, дандонҳояшро ғиҷиррос занонда, сӯзу гудоз хоҳад кард; орзуи шарирон нест хоҳад шуд.