Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

[2] Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед! Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!

[3] Зеро ки Худованди Таоло саҳмгин аст, — подшоҳи бузург аст бар тамоми замин;

[4] Қавмҳоро зердасти мо гардонд, ва қабилаҳоро зери пойҳои мо;

[5] Мероси моро барои мо баргузид, яъне ифтихори Яъқубро, ки дӯст медорад. Село.

[6] Худо бо бонги шодӣ сууд кард, Худованд бо овози шох.

[7] Бисароед Худоро, бисароед! Бисароед Подшоҳи моро, бисароед!

[8] Зеро ки Худо подшоҳи тамоми замин аст; суруди дилнишине бихонед.

[9] Худо бар халқҳо подшоҳ шуд; Худо бар тахти муқаддаси Худ биншаст.

[10] Мирони қавмҳо назди қавми Худои Иброҳим ҷамъ омадаанд, зеро ки сипарҳои замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст.

Забур — Chapters