[1] Таронаи шукрона. Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин!
[2] Худовандро бо шодӣ ибодат намоед; пеши Ӯ бо таронасароӣ биёед.
[3] Бидонед, ки Худованд Худост; Ӯ моро офаридааст, ва мо аз они Ӯ ҳастем, қавми Ӯ ва гӯсфандони чарогоҳи Ӯ.
[4] Ба дарвозаҳои Ӯ бо шукрона биёед, ба саҳнҳои Ӯ бо ҳамду сано; Ӯро ҳамд гӯед, исми Ӯро муборак хонед.
[5] Зеро ки Худованд некӯст, эҳсони Ӯ то абад аст, ва садоқати Ӯ то абадуддаҳр.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150