Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Оид ба кабӯтари сокит дар мавзеи дур. Суруди Довуд, вақте ки фалиштиён ӯро дар Ҷот дастгир карданд.

[2] Ба ман марҳамат намо, эй Худо! Зеро ки одамизод мехоҳад маро поймол кунад; ҳар рӯз ҷангҷӯ маро фишор медиҳад.

[3] Мухолифонам ҳар рӯз мехоҳанд маро поймол кунанд; зеро ки бисьёр касон бо ман меҷанганд, эй Ҳаққи Таоло!

[4] Рӯзе ки ба ҳарос меафтам, ба Ту таваккал хоҳам кард.

[5] Дар Худо каломи Ӯро мадҳ хоҳам кард; ба Худо таваккал кардаам, наметарсам; одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?

[6] Ҳар рӯз суханонамро таҳриф мекунанд; ҳамаи андешаҳошон нисбат ба ман барои бадист.

[7] Ҷамъ шуда, камин мегиранд, қадамҳоямро мепоянд, чунки қасди ҷонам доранд.

[8] Наход ки онҳо аз мукофоти ҷафои худ мегурехта бошанд? Қавмҳоро дар ғазаби Худ вожгун бикун, эй Худо!

[9] Оворагардии маро Ту ба ҳисоб гирифтаӣ; ашкҳоямро дар машки Худ биандоз, — оё ин дар дафтари Ту нест?

[10] Он гоҳ, рӯзе ки Туро бихонам, душманонам ақиб хоҳанд гашт; инро медонам, зеро ки Худо бо ман аст.

[11] Дар Худо каломро мадҳ хоҳам кард, дар Худованд каломро мадҳ хоҳам кард.

[12] Ба Худо таваккал кардаам, наметарсам; одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?

[13] Назрҳои Ту, эй Худо, бар ман аст; қурбониҳои шукронаро пеши Ту хоҳам овард,

[14] Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ; оё пойҳоямро аз лағҷидан нигоҳ нахохӣ дошт, то ки дар нури ҳаёт пеши Худованд роҳ равам?

Забур — Chapters