[1] Барои сардори муғанниён бар мамоти Лабин. Таронаи Довуд.
[2] Худовандро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт; ҳамаи корҳои аҷоиби Туро ҳикоят хоҳам кард.
[3] Дар Ту шодӣ ва хурсандӣ хоҳам кард, исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, хоҳам сароид.
[4] Вақте ки душманонам ба ақиб баргарданд, пешпо хӯрда, аз пеши Ту нест хоҳанд шуд,
[5] Зеро ки Ту доварӣ ва мурофиаи маро ба амал овардаӣ; Ту, эй Довари одил, бар тахт нишастаӣ.
[6] Ту бар қавмҳо итоб намудаӣ, шарирро нест кардаӣ, номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад.
[7] Душман барҳам хӯрда, ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст; шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст.
[8] Валекин Худованд то абад қоим аст; Ӯ тахти Худро барои доварӣ барқарор кардааст,
[9] Ва Ӯ дуньёро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард, қабилаҳоро аз рӯи ростӣ додгарӣ хоҳад намуд.
[10] Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.
[11] Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ.
[12] Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед, корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
[13] Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад, онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад.
[14] Ба ман марҳамат намо, эй Худованд; ба мусибате ки аз дасти бадхоҳонам мекашам, назар андоз, ки Ту маро аз дарвозаи мамот баланд бардоштаӣ,
[15] Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям: дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард.
[16] Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд; дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд.
[17] Худованд ба василаи доварие ки кард, шӯҳрат меёбад: шарир ба доме афтод, ки бо кафҳои худ сохта буд. Ҳиҷойӯн . Село.
[18] Шарирон ба дӯзах хоҳанд рафт, яъне ҳамаи халқҳое ки Худоро фаромӯш мекунанд.
[19] Зеро ки мискин ба сурати абадӣ фаромӯш нахоҳад шуд, ва умеди камбағалон то ба охир барбод нахоҳад рафт.
[20] Бархез, эй Худованд, то ки одамизод густох набошад, ва халқҳо пеши Ту маҳкум гарданд.
[21] Онҳоро, эй Худованд, ба ҳарос андоз, то халқҳо бидонанд, ки онҳо фақат одамизод ҳастанд. Село.
[22] Чаро, эй Худованд, дур меистӣ? Ва дар вақти тангӣ Худро пинҳон медорӣ?
[23] Шарир дар ғурури худ камбағалро таъқиб мекунад; кошки худашон ба найрангҳое ки андешидаанд, гирифтор шаванд!
[24] Зеро ки шарир бо ҳирси нафси худ меболад, ва тамаъкор ба Худованд беэътиноӣ мекунад.
[25] Шарир дар такаббури худ мегӯяд: «Ӯ бозхост нахоҳад кард»; тамоми хаёли вай ин аст, ки «Худо нест».
[26] Роҳҳои вай ҳама вақт бомуваффақият аст; довариҳои Ту аз вай бағоят дур аст; ба ҳамаи хасмҳои худ беэътиноӣ мекунад;
[27] Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид; ҳаргиз бадие нахоҳам дид».
[28] Даҳони вай аз лаънат, макр ва фиреб пур аст; дар зери забонаш бадӣ ва хабосат аст.
[29] Дар пушти работҳо камин мегирад; дар ҷойҳои ниҳонӣ бегуноҳро мекушад; чашмонаш аз паи бечора мепояд.
[30] Дар ҷои ниҳонӣ, мисли шер дар лонаи худ, камин мегирад; барои қапидани камбағал камин мегирад, ва камбағалро қапида, ба доми худ мекашад;
[31] Ба зону нишаста, хам мешавад, — ва бечорагон ба чанголи пурзӯри вай меафтанд.
[32] Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст, рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид».
[33] Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор, ҳалимонро фаромӯш накун.
[34] Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда, дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»?
[35] Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ. Бечора худро ба Ту месупорад; мададгори ятим Ту ҳастӣ.
[36] Бозуи шарир ва бадкешро бишкан, ба тавре ки агар шарораташро ҷустуҷӯ намоӣ, ёфт нашавад.
[37] Худованд подшоҳ аст то абад; мағрурон аз замини Ӯ нест хоҳанд шуд.
[38] Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ; дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо,
[39] То ки ятим ва мазлумро дар доварӣ ҳимоят намоӣ, ва одаме ки аз хок аст, дигар онҳоро натарсонад.