[1] Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[2] Исроил бигӯянд: «Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
[3] Хонадони Ҳорун бигӯянд: «Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
[4] Тарсгорони Худованд бигӯянд: «Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
[5] Аз тангӣ Худовандро хондам; Худованд маро дар вусъатобод иҷобат намуд.
[6] Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?
[7] Худованд мададгори ман аст, ва ман нокомии бадхоҳони худро хоҳам дид.
[8] Паноҳ бурдан ба Худованд беҳ аст аз таваккал кардан ба одамизод.
[9] Паноҳ бурдан ба Худованд беҳ аст аз таваккал кардан ба мирон.
[10] Ҳамаи халқҳо маро иҳота кардаанд; — ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
[11] Даври маро гирифтаанд ва маро иҳота кардаанд; — ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
[12] Мисли занбӯрҳо даври маро гирифтаанд, мисли оташи хорзор хомӯш шудаанд; — ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
[13] Маро сахт тела додӣ, то ки афтам, вале Худованд ба ман мадад расонд.
[14] Худованд қуввати ман ва суруди ман аст, ва наҷоти ман шудааст.
[15] Овози тараннум ва наҷот дар хаймаҳои одилон аст; ямини Худованд бо қудрат амал мекунад.
[16] Ямини Худованд баланд мебардорад; ямини Худованд бо қудрат амал мекунад.
[17] Нахоҳам мурд, балки зиндагӣ хоҳам кард, ва аъмоли Худовандро эълон хоҳам намуд.
[18] Худованд маро сахт ҷазо дод, валекин маро ба мурдан нарасонд.
[19] Дарвозаҳои адолатро барои ман воз кунед; ба онҳо даромада, Худовандро ҳамд хоҳам гуфт.
[20] Инак дарвозаи Худованд; одилон ба он дохил хоҳанд шуд.
[21] Туро ҳамд мегӯям, зеро ки маро иҷобат намудаӣ ва наҷоти ман шудаӣ.
[22] Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:
[23] Ин аз ҷониби Худованд шуд, ва дар назари мо ҳайратангез аст.
[24] Ҳамин рӯзро Худованд ба амал овард: дар он ба ваҷд омада, шодӣ хоҳем кард.
[25] Лутфан, эй Худованд, наҷот деҳ! Лутфан, эй Худованд, комьёб соз!
[26] Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Шуморо аз хонаи Худованд баракат мехоҳем.
[27] Худованд Худост, ки моро нур бахшидааст; қурбониро бо танобҳо баста, то бурҷҳои қурбонгоҳ баред.
[28] Ту Худои ман ҳастӣ, ва Туро ҳамд мегӯям; эй Худои ман, Туро болобардор менамоям.
[29] Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.