[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Тарона. Суруд.
[2] Худо ба мо шафқат хоҳад кард ва моро баракат хоҳад дод; рӯи Худро ба мо мунаввар хоҳад намуд, село,
[3] То ки роҳи Ту дар замин шинохта шавад, ва наҷоти Ту дар ҳамаи халқҳо.
[4] Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт; Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.
[5] Қабилаҳо хурсандӣ ва тараннум хоҳанд кард, зеро ки қавмҳоро аз рӯи адолат доварӣ менамоӣ, ва қабилаҳоро дар замин ҳидоят мекунӣ. Село.
[6] Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт; Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.
[7] Замин ҳосили худро дод; Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод.
[8] Худо моро баракат хоҳад дод, ва тамоми ақсои замин аз Ӯ хоҳанд тарсид.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150